“Байер” бо роҳнамоии Хаби Алонсо дар Бундеслига шикастнопизир боқӣ мемонад

“Байер” бо роҳнамоии Хаби Алонсо дар Бундеслига шикастнопизир боқӣ мемонад

Дар Бундеслигаи Олмон бозии асосии даври сездаҳум байни дастаҳои «Байер» ва «Боруссия»-и Дортмунд ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Бай-Арена”-и шаҳри Леверкузен дар ҳузури 30 210 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт.

Дар раванди бозӣ “Байер” бештар мавқеъ дошт ва имкони бештар фароҳам овард. Бо вуҷуди ин даста натавонист, ки дар ин вохӯрии муҳим ғолибият ба даст орад.

Голи дастаи “Байер”-ро дар ин бозӣ Виктор Бонифатсе ва голи тими шаҳри Дортмундро Ҷулиан Райерсон ба самар расониданд.

Ин бори дуюм буд, ки “Байер” дар мавсими имсолаи Бундеслига ғолиб омада натавонист. Бори охир чунин ҳолат дар бозӣ бо «Бавария» дар моҳи сентябр рух дода буд.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври кунунии «Бавария» бо «Унион Берлин» бинобар боридани барф ба таъхир афтод ва “Байер” бо 35 имтиёз пешгомиро дар Бундеслига идома медиҳад.