Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Подшоҳии Арабистони Саудӣ Барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Барномаи ҳамкорӣ 6 ноябри соли равон зимни вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Вазири варзиши Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷаноби Шайх Абдулазиз бин Турки Ал-Файсал, ки дар доираи баргузории VI-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ба имзо расид.

Татбиқи ин Барнома, барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, табодули таҷриба ва густариши фаъолияти муштарак дар самти ҷавонон ва варзиш мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими густариши ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон, табодули таҷрибаи мутахассисон, омӯзиши мураббиён, инчунин ташкили чорабиниҳои муштараки варзишӣ баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 21 ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ VI-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор мегарданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 65 варзишгар аз рӯйи 10 намуди варзиш – варзиши сабук, варзиши электронӣ, волейбол, гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, таэквондо, тенниси рӯйи миз, футзал, ҷиуҷитсу, ҷудо ва шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.