Беҳрӯз ба даври сеюми Гран При Тошканд роҳ ёфт

Беҳрӯз ба даври сеюми Гран При Тошканд роҳ ёфт

Ду ҷудочие, ки Тоҷикистонро дар Гран При Тошканд дар вазни -73 кг намояндагӣ мекарданд, яке аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуду дигаре бошад, ба даври сеюм роҳ ёфт. Хоҷазода, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили Евгений Прокопчуки рус оғоз кард. Дар ин набард Беҳрӯз рақибро аз сари роҳаш дур карда, ба даври сеюм роҳ ёфт. Акнун Хоҷазода дар пайти сеюм бо Эрик Ҳеми бритонӣ рӯ ба рӯ мешавад. Сомон низ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз ҷудочии мизбон Тураев Ҳикматуллоҳ шикаст хурда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд. Акнун дар вазни -73 кг умеди ягона ба Беҳрӯз аст. Мо шуморо дар хабарҳои минбаъда аз натиҷаи ҷудочиёни тоҷик дар Гран При Тошканд, хабардор хоҳем кард.