Беҳрӯз Хоҷазода ба даври ¼ ниҳоии Гран При Тошканд роҳ ёфт

Беҳрӯз Хоҷазода ба даври ¼ ниҳоии Гран При Тошканд роҳ ёфт

Беҳрӯз Хоҷазода ҷудочии шинохтаи тоҷик баъд аз ду муваффақият ба даври ¼ ниҳоии Гран При Тошканд роҳ ёфт. Хоҷазода, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили Евгений Прокопчуки рус оғоз кард. Дар ин набард Беҳрӯз рақибро аз сари роҳаш дур карда, ба даври сеюм роҳ ёфт. Дар даври сеюм Эрик Ҳеми бритониро шикаст дод. Ҳамин тавр Беҳрӯз дар даври ¼ ниҳоӣ бо ҷудочии қазоқ Жансей Смагулов рақобат мекунад. Мо шуморо дар хабарҳои минбаъда аз натиҷаи ҷудочиёни тоҷик дар Гран При Тошканд, хабардор хоҳем кард.