Беҳрӯз Хоҷазода барандаи медали нуқраи Гран При Тошканд

Беҳрӯз Хоҷазода барандаи медали нуқраи Гран При Тошканд

Беҳрӯз Хоҷазода, ки дар вазни -73 кг Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, то финали Гран При Тошканд ҳамаи рақибонашро як як шикаст дода, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Хоҷазода, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили Евгений Прокопчуки рус доир кард. Дар ин набард Беҳрӯз рақибро аз сари роҳаш дур карда, ба даври сеюм роҳ ёфт. Дар даври сеюм Эрик Ҳеми бритониро шикаст дод. Ҳамин тавр Беҳрӯз дар даври ¼ ниҳоӣ бо ҷудочии қазоқ Жансей Смагулов рақобат намуда, ҳарифро аз идомаи сабқатҳо маҳрум кард. Беҳрӯз дар даври нимниҳоӣ ҷудочии Шведсия – Томми Масиасро мағлуб намуда, ба финал роҳ ёфт. Хоҷазодаро дар финал ҷудочии мизбон Тураев Ҳикматуллоҳ интизор буд. Мутаасифона Беҳрӯз дар финали мусобиқаи зикршуда, аз мизбон шикаст хурда, сазовори медали нуқра гардид. Ба ҳар ҳол ба маҳорати болои Беҳрӯз аҳсан мегуем, ки дар чунин мусобиқа ва бо чунин паҳлавонони сатҳӣ ҷаҳонӣ рақобаткардан кори саҳлу осон нахоҳад буд. Ёдовар мешавем, ки Тураев Ҳикматуллоҳ Сомон Маҳмадбековро низ дар рақобати якуми хеш шикаст дода буд. Хоҷазода дар баробари медали нуқрааш инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ низ гардид.