Беҳрӯз Хоҷазода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо 5-ум шуд

Беҳрӯз Хоҷазода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо 5-ум шуд

Ҷудокори тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода зери вазни то 73 кг дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо барои ба даст овардни нишони биринҷӣ рақобатро ба ҷудокори ӯзбек Обидхон Номонов бохт. Як иштибоҳ боис шуд, ки дар ин рақобат Беҳрӯз ноком гардад. Ҳамин тавр, Беҳрӯз Хоҷазода миёни 16 ҷудочии вазни то 73 кг зинаи 5-умро дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон касб кард.

Ёдовар мешавем ,ки Беҳрӯз Хоҷазода зери вазни то 73 кг дар даври 1/8 ниҳоӣ муқобили ҷудокори чинӣ Юнлонг Гоу зафар ёфта, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз ҷудокори қазоқ – Данияр Шамшаев бо имтиёзи иппон мағлуб шуд ва ба даври тасаллобахш рафт. Дар марҳилаи тасаллобахш Беҳрӯз ҷудоварзи 25 солаи филиппинӣ Накано Кейсейо бо сари баланд ноком кард, лек барои ба даст овардани нишони биринҷии мусобиқа аз ҷудокори ӯзбек Обидхон Номонов мувоҷеҳи шикаст шуд.