Беҳтарин дастаи ҷаҳон аз назари Зинедин Зидан
Собиқ сармураббии “Реал Мадрид” ва қаҳрамони ҷаҳону Аврупо дар ҳайати тими миллии Фаронса — Зинедин Зидан бошгоҳи “Милан”-ро зери роҳбарии Арриго Саккиро беҳтарин даста дар таърихи футбол номид.
- “Милан” бо Ван Бастен, Рейкард, Гуллит, Барези ва Малдини. Он даста бисёр бозиҳоро мебурд. Тими Сакки воқеан таъсиргузору нотакрор ва олӣ буд — фишурдаи суханони Зиданро сомонаи Sempre Milan иқтибос овардааст.
Ёдовар мешавем, ки Арриго Сакки солҳои 1987 то 1991 ва сипас аз 1996 то 1997 сармураббии “Милан” буд. Дар ин давра ӯ бо даста қаҳрамони Италия, соҳиби Суперҷоми Италия, ду маротиба ғолиби Ҷоми қаҳрамонони Аврупо (ҳоло Лигаи Чемпионҳо), Суперҷоми Аврупо ва Ҷоми байниқитъавӣ гардидааст.