Беҳтарин дастаи ҷаҳон аз нигоҳи Хосеп Гвардиола

Беҳтарин дастаи ҷаҳон аз нигоҳи Хосеп Гвардиола

Сармураббии дастаи “Манчестер Сити” - Хосеп Гвардиола гуфт, ки то ҳол пойгаи қаҳрамонӣ дар ПЛА идома дорад ва айни ҳол дастаи ӯ ҳуқуқи аз даст додани имтиёзро надорад. Бояд гуфт, ки “шаҳриҳо” аз рақиби наздиктарини худ 12 имтиёз пеш мебошанд.

- Агар шумо хоҳед, ки ҷоиза гиред, шумо бояд ғолиб шавед. Дар моҳи март ҳеҷ кас қаҳрамон нест. Дар ҳоли ҳозир дастаи беҳтарини ҷаҳон ин тими “Бавария” аст, зеро онҳо ҳама чизро ба даст оварданд. Дар Англия бошад, “Ливерпул” қаҳрамон аст, аз ин рӯ онҳо дар ин ҷо беҳтаринанд, — гуфт Гвардиола.

Бояд огоҳӣ пайдо кард, ки «Ман Сити» дар 27 бозии пай дар пай охири хешро бохтро ёд надорад.