Беҳтарин футболбози Аврупо аз нигоҳи Аршавин

Беҳтарин футболбози Аврупо аз нигоҳи Аршавин
Собиқ футболбози  тими мунтахабт Россия – Андрей Аршавин беҳтарин футболбози Аврупоро дар ҳоли ҳозир интихоб кардааст.
Дар мусоҳиба бо "Р-Спорт", Аршавин гуфтааст, ки: ҳамлагари "Пари Сен-Жермен" – Килиан Мбаппе беҳтарин футболбоз дар Аврупо аст.
Мбаппеи 21-сола корномаи футболбозии худро аз "Монако" оғоз карда буд. Мбаппе дар ҳайати "Монако" қаҳрамони Фаронса ва иштирокчии даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо гардид. Соли 2017 Килиан ба маблағи 145 миллион евро ба "Пари Сен-Жермен" гузашт. Дар ҳамон сол футболбоз ба дастаи мунтахаби Фаронса даъват карда шуд. Бо тими миллӣ, ӯ ғолиби Чемпионати Ҷаҳон-2018 дар Русия гардид.