Беҳтарин футболбози Евро-2020 аз нигоҳи Роберто Карлос

Беҳтарин футболбози Евро-2020 аз нигоҳи Роберто Карлос

Собиқ ҳимоятгари дастони тими мунтахаби Бразилия Роберто Карлос беҳтарин футболбози чемпионати гузаштаи Аврупо оид ба футболи соли 2020 гуфт.

«Люк Шоу беҳтарин футболбози мусобиқа буд. Ӯ бояд бозӣ карданро дар чунин сатҳ идома диҳад. Худи ман ҳамаи бозиҳои Евро-2020-ро тамошо кардам ва хусусан бозии мунтахаби Англия маро мафтун кард. Бохт ин як қисми бозӣ ва қисми футбол аст. Ман умед дорам, ки англисҳо дар Чемпионати ҷаҳон хуб бозӣ карда, соҳиби мақоми ифтихорӣ хоҳанд шуд. Агар онҳо дар ҳамин сатҳ бозии худро нигоҳ дошта тавонанд пас дар Чемпионати ҷаҳон арзандаи ҷоиза ҳастанд», — иқтибос овардааст GQ аз суханони Карлос.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Англия дар финали Евро-2020 аз тими Италия мағлуб шуда, имкони қаҳрамониро аз даст дод.