Беҳтарин нишонзан дар бозиҳои Ҷоми Осиё оид ба футзал 2022 дар Кувайт кист?

Беҳтарин нишонзан дар бозиҳои Ҷоми Осиё оид ба футзал 2022 дар Кувайт кист?

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё оид ба футзал дар кишвари Кувайт ба анҷом расиданд.  Миёни 16 кишвари иштирокчӣ, ки ба  чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буданд, 8 мунтахаб ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

 Дар бозиҳои гурӯҳӣ аз ҳама бештар ҳамлагари тими футзали Эрон – Ҳусейн Тайебӣ ва Гурбангелди Саҳедов аз дастаи Туркманистон гол заданд. Дар ҳисоби ин ду футзалбоз 6 голӣ ҳаст. Ҳусейн Тайебӣ имкон дорад то шумораи голҳояшро бештар кунад, зеро мунтахаби Эрон аз гурӯҳ баромад ва дар даври ¼-ниҳоӣ бо мунтахаби Ветнам бозӣ мекунад.  Мунтахаби Туркманистон натавонист аз гурӯҳ барояд ва ҳамин тавр, Гурбангелди Саҳедов дигар имкони задани голро надорад.  Бо 5 гол дар зинаи 3-юм ҳамлагари дигари дастаи Эрон – Саид Аҳмад Аббосӣ қарор гирифтааст.

Дар зинаҳои 4-ум, 5-ум ва 6-ум бо 5 голӣ Файзали Сардоров ва Идрис Ёров аз Тоҷикистон ва Салим Файсал аз Ироқ маскан гирифтаанд. Миёни инҳо Файзалӣ ва Идрис имкони шумораи бештар кардани голҳояшонро доранд, зеро мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ¼ -ниҳоӣ бо Тайланд бозӣ мекунад. Ироқ аз гурӯҳ баромада натавонист ва ҳамин тавр Салим Файсал ҳам имкони задани голро дигар надорад. Муҳаммад Фаҷриён аз Индонезия бо 4 гол дар мавқеи 7-ум қарор дорад. Дар марҳилаи ¼-ниҳоӣ Индонезия бо Ҷопон бозӣ мекунад.  

Ёдовар мешавем ,ки бозҳои марҳилаи чаҳорякниҳоӣ рӯзи 4-уми октябр дар маҷмааи варзишии “Саъд ал Абдулло”-и кишвари Қувайт баргузор мешаванд.