Беҳтарин нишонзани Лигаи якум ба “Ҳосилот” пайваст

Беҳтарин нишонзани Лигаи якум ба “Ҳосилот” пайваст

Беҳтарин нишонзани Лигаи якуми Тоҷикистон Назрулло Ашурализода ба таври расмӣ ба дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор гузариш кард. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи “Ҳосилот” хабар додааст.

Мавсими гузашта, Ашурализодаи 17 сола дар ҳайати тими “Душанбе” дар 25 бозӣ ба задани 33 гол ноил шуда, беҳтарин нишонзани Лигаи якуми футболи Тоҷикистон эътироф шуда буд.

Ҳамчунин, Назрулло Ашурализода дар ҳайати мунтахаби то 17 солаи Тоҷикистон бозигари калидӣ маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки “Ҳосилот” дар равзанаи гузариши футболбозон то имрӯз як қатор трансферҳои дигар анҷом дод. Нимҳимоятгар Шуҳрат Элмуродов ба сафи “Ҳосилот” пайваст. Элмуродов қаблан дар дастаҳои “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ” ҳунарнамоӣ намудааст.

Салоҳиддин Иргашев ба ҳайати “Ҳосилот” ҳамроҳ шуд. Бозигари 22 сола қаблан дар дастаҳои “Истиқлол”, “Арсенал”-и Беларус, “Равшан” ва “Вахш” бозӣ кардааст.

Шарафҷон Солеҳов аз “Регар-ТадАЗ” ба сафи “Ҳосилот” ҳамроҳ шуд. Футболбози 26 сола таҷрибаи бозӣ дар дастаҳои КМВА, “Хуҷанд”, “Файзканд”, “Куктош” ва “Регар-ТадАЗ”-ро дорад.

Инчунин, “Ҳосилот” бо ниммуҳофизатгари 26 сола Ҷозеф Акомадии ганагӣ тамдиди шартнома намуд. Акомади мавсими гузашта, аз бозигарони калии тими ноҳияи Фархор буда, дар 21 бозии Лигаи олӣ 6 гол ва 4 паси головар анҷом дода буд.

Бозигарон Маҳмадшарифи Саидхоҷа, Иброҳим Исмоилов, Фирдавс Чақалов, Сандей Сонг, Обама Били Арсен ва Япеву Капава пас аз анҷоми шартномаи корӣ тарки “Ҳосилот” карданд.

Шамсиддин Қосимов сармураббии “Ҳосилот” шуд, ки мавсими гузашта бо КМВА медалҳои биринҷии Лигаи олиро соҳиб шуда буд. Дар ин мақом Қосимов –Зайниддин Раҳимовро иваз кард, ки пас аз анҷоми шартномаи корӣ тарки “Ҳосилот” намуд.