Беҳтаринҳои футболи Осиё муайян шуданд

Беҳтаринҳои футболи Осиё муайян шуданд

Санаи 2-юми декабр дар қораи Осиё низ беҳтаринҳои КФО муайян ва бо ҷоизаҳои таъсиснамуда қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, беҳтарин футболбози сол аз КФО Акрам Афиф аз мунтахаби Қатар эълон гардид. Футболбози дастаи “Тоттенхэм” Сон Хин Мин бошад, беҳтарин легионери осиёӣ эълон шуд. Беҳтарин футболбози КФО байни бонувонро Саки Кумагаи аз кишвари Ҷопон ба даст овард. Асако Такакура беҳтарин сармураббии соли 2019 миёни бонувон аз Ҷопон эълон гардид. Беҳтарин сармураббии соли 2019-ро миёни мардон бошад, Чун Юнг Йонг аз Корея ба даст овард. Томоки Ёшикава беҳтарин футзалбози соли 2019 аз Ҷопон, ва Ассостсиатсияи футболи Сингапур беҳтарин Ассотсиатсияи футбол дар ҳоли рушд эълон гардид. Ҳамчунин дар дигар наминатсияҳо беҳтаринҳо эълон ва бо ҷоиза қадрдонӣ гардиданд.