Беҳтаринҳои моҳи май дар Лигаи ҷавонони Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Лигаи футболи Тоҷикистон анъанаи худро барои эътироф кардани беҳтарин бозигар ва мураббӣ на танҳо дар лигаҳои олӣ ва якум, балки дар Лигаи ҷавонони кишвар ҳам идома медиҳад.
Ҳамлагари дастаи «Барқчӣ» Султон Толибов беҳтарин бозигари моҳи май дар мусобиқаи ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон номида шуд. Дар ин моҳ ӯ шаш гол зада, ду маротиба беҳтарин бозигар эътироф гардидааст.
Сармураббии дастаи эҳтиётии «Хуҷанд» Умед Мирзораҳимов беҳтарин мураббии моҳи май дониста шуд. Моҳи гузашта таҳти роҳбарии ӯ, дастаи эҳтиётии бошгоҳи шаҳри Хуҷанд се пирӯзи бар тимҳои «Парвоз» (6:0), «Равшан» (1:0) ва «Вахш» (2:1) ва як мусовӣ бар «Ҳосилот» (1:1) ба даст овард.
Илова бар ҷоизаҳо беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳи май дар мусобиқаи ҷавонони Лигаи олии Тоҷикистон-2026 аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон ҳар кадом бо 2000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.