Беҳтаринҳои қораи Африқо дар футбол 11-уми декабр муайян мешаванд...

Беҳтаринҳои қораи Африқо дар футбол 11-уми декабр муайян мешаванд...

Дафтари матбуоти Конфедератсияи футболи Африқо (CAF) номи довталабони асосии унвони беҳтарин футболбози қитъавӣ дар соли 2023-ро эълон кард.

Барои дарёфти ҷоизаи бонуфуз се бозигар ҳамлагар Виктор Осимхен (Нигерия, “Наполи”), вингер Муҳаммад Салоҳ (Миср, “Ливерпул”) ва Ашраф Ҳакимӣ (Марокаш, “ПСЖ”) талош доранд.

Қаблан, Конфедератсияи футболи Африқо се номзадро барои унвони беҳтарин дарвозабони сол эълон карда буд.

Саҳми Осимхенро дар мавсими 2022/23 ба унвони қаҳрамонии “Наполи” ба даст овардан мумкин нест. Футболбози нигериягӣ бо 26 гол беҳтарин нишонзани Серия А шуд.

Салоҳ, гарчанде ки бо дастовардҳои назарраси даставӣ дар “Ливерпул “ фахр карда наметавонад (ӯ танҳо Суперҷоми Англияро ба даст овард), аммо мисрӣ дар мавсими гузашта, дар ҳама мусобиқаҳо 30 гол задааст. Ҳакимии 25-сола дар ҳайати “ПСЖ” қаҳрамон ва Суперҷоми Фаронсаро ба даст оварда, бозигари асосии даста буд (39 бозӣ, 5 гол ва 6 ассист).

Феҳристи беҳтаринҳо сол дар қораи Африқо чунин аст:

Беҳтарин бозигар дар Африқо:

Фистон Майеле ( Конго, “Пирамидс”);

Питер Шалулиле (Намибия, “Мамелоди Сандаунз”);

Перси Тау (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, “Ал-Аҳли”).

Беҳтарин бозигари ҷавони сол:

Абдессамад Эззазули (Марокаш, “Бетис”);

Ламин Камара (Сенегал, “Метс”);

Амара Диуф (Сенегал, “Метс”).

Мураббии сол:

Абделхак Бенчика (Алҷазоир, “Симба”);

Валид Реграги (Марокаш);

Алиу Сисе (Сенегал).

Беҳтарин дастаи мунтахаби сол:

Гамбия;

Марокаш;

Сенегал.

Беҳтарин бошгоҳи сол:

“Ал- Аҳли” (Миср);

“Видад” (Марокаш);

“Мамелоди Сандаунз” (Африкаи Чанубй).

Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин футболбози Африқо ва ҳамчунин дар бахшҳои дигар рӯзи 11 –уми декабр дар шаҳри Марракеши Марокаш баргузор мешавад.