Беҳтарин шиноварони мамлакат муайян шуданд

Беҳтарин шиноварони мамлакат муайян шуданд

Бахшида ба 29-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ҳавзи шиноварии Мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудҳои обӣ Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ баргузор гардид. Ҳунарнамоӣ миёни шиноварони кишвар 3 рӯз идома карда, дар натиҷа ғолибон муайян карда шуданд.

Имсол Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ дар Мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудхои обӣ се рӯз идома кард. Дар ин мусобиқа 60 тан аз шиноварони беҳтарини кишвар ба ҳам омаданд. Рақобатҳо миёни калонсолон ва ҷавонон роҳандозӣ карда шуд. Дар мусобиқа духтарон низ фаъол буданд ва барои ишғоли мақомҳои ифтихорӣ мубориза бурданд.

Дар рӯзи сеюми баргузории чорабинӣ қувваозмоиҳо бештар миёни калонсолон, ҷавонон ва духтарон баргузор гардид, ки ин навъи шиноварӣ ҷолибу диданӣ аст. Мавриди зикр аст, ки давоми се рӯз рақобатҳо миёни дастпаварони се мактаб - Мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудхои обӣ, Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба оби пойтахт ва ҳавзи шиноварии шаҳри Хуҷанд шадид ҷараён гирифтанд, ки дар ниҳоят аксар мақомҳои ифтихориро низ маҳз шиноварони ин муассисаҳо ба даст оварданд. Дар фарҷом ба ғолибон бо медалу ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.