Бекхэм оиди гузариши эҳтимолии Роналду ба “Интер Майами” сухан гуфт
Яке аз моликони бошгоҳи “Интер Майами” Дэвид Бекхэм дар бораи гузариши эҳтимолии ҳамлагари “Ал-Наср” Криштиану Роналду сухан гуфт. Қаблан хабарҳо паҳн шуда буданд, ки Бекхэм ҷиддан дар бораи даъват кардани Роналду ба “Интер Майами”, ки дар он Лионел Месси бозӣ мекунад, фикр мекунад.
"Роналду дар “Реал Мадрид”? Ин аҷиб буд. Криштиану дар ҳар дастае, ки мекард, меросе гузошт. Аввал бо дастаи миллии Португалия, сипас бо “Манчестер Юнайтед”, сипас “Реал Мадрид”, “Ювентус” ва “Ал-Наср”. Агар шумо ба фаъолияти имрӯзаи ӯ назар кунед, он комилан аҷиб буд", - гуфт Бекҳэм дар подкасте, ки аз ҷониби ҳимоятгари собиқи “Манчестер Юнайтед” Рио Фердинанд сабт гардида буд.