Белгия дарвозаи ИМА-ро торумор карда, ба марҳилаи ¼-ниҳоӣ расид
Мунтахаби Белгия ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфт. Шогирдони Руди Гарсия дар бозии даври ҳаштякниҳоӣ мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо ҳисоби бузурги 4:1 мағлуб карданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Люмен Филд”-и шаҳри Сиэтли ИМА баргузор шуд.
Ҳисобро дар дақиқаи 9-уми бозӣ ҳамлагари мунтахаби Белгия - Шарл де Кетеларе боз кард. Дар дақиқаи 31-юм нимҳимоятгари ИМА Малик Тиллман бо зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро баробар намуд. Пас аз ду дақиқа де Кетеларе голи дуюми худро ба самар расонда, Белгияро боз ба пеш баровард.
Дар қисми дуюми бозӣ Ҳанс Ванакен дар дақиқаи 57-ум бартарии белгиягиҳоро бештар кард. Дар дақиқаҳои иловагӣ бошад, ҳамлагари пуртаҷриба Ромелу Лукаку голи чаҳоруми дастаро зада, нуқтаи ниҳоиро дар ин рақобат гузошт.
Бо ин пирӯзӣ мунтахаби Белгия ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва рӯзи 10 июл дар варзишгоҳи “Соу-Фай”-и шаҳри Инглвуди ИМА бо мунтахаби Испания барои роҳхат ба нимниҳоӣ мубориза мебарад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Аргентина аст.