“Бенфика” ғолиби Суперҷоми Португалия гардид!
Бошгоҳи «Бенфика» дар Суперҷоми Португалия бар «Порту» бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд.
Анхел ди Мария дар дақиқаи 61-ум ҳисобро боз кард ва тобистони имсол пас аз 13 сол ба даста баргашт. Пас аз ҳафт дақиқа Петар Мусо ҳисоби бозиро дуболо кард.
Дар поёни вохӯрӣ Порту дар ақаллият монд - Пепе дар дақиқаи 90+1 корти сурх гирифт ва пас аз 6 дақиқа довар сармураббии даста Серхиу Консейсаоро аз майдон берун кард.
«Бенфика» барои бори 9-ум дар таърихи худ Суперҷоми кишварро ба даст овард ва аз рӯи шумораи ҷоизаҳо ба «Спортинг» баробар шуд. Рекорддор аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар Суперҷоми Португалия бо 23 ҷом “Порту” мебошад.

