Бензема аз Роналду, Малдини, Рамос ва Месси пеш гузашт

Бензема аз Роналду, Малдини, Рамос ва Месси пеш гузашт

Ҳамлагари дастаи  “ПСЖ” -  Лионел Месси ва ҳимоятгари тими “Барселона” - Жерар Пике аз феҳристи даҳгонаи беҳтаринҳо, ки соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ шудаанд,  берун рафтанд. Бензема аз онҳо пеш гузашт.

 
10 футболбози бисёрҷоиза инҳоянд:

1.     Кафу (17).

2.     Тони Кроос (16).

3.     Дани Алвес (15).

4.     Карим Бензема (14).

5.     Паоло Малдини (13).

6.     Андрес Инйеста (13).

7.     Серхио Рамос (13).

8.     Криштиану Роналду (13).

9.     Лука Модрич (13).

10. Дани Карвахал (13).

11. Каземиро (13).

12. Начо (13).

Карим Бензема баъд аз ғалаба дар Суперҷоми УЕФА дар ин раддабандӣ аз Роналду, Рамос, Инйеста ва Малдини пеш гузашт.
Ёдовар мешавем, ки “Реал Мадрид” дар бозӣ барои Суперҷоми УЕФА бар тими “Айнтрахт” пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар шаҳри Ҳелсинки Финландия баргузор шуда, бо пирӯзии бошгоҳи Мадрид бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.
Бояд қайд кард, ки пас аз ин пирӯзӣ “Реал Мадрид” аз рӯи шумораи унвонҳои байналмилалӣ ва миллӣ аз “Барселона” пеш гузашт. Ҳоло бошгоҳи “Шоҳона” 98 ҷоиза ба даст овардааст. Каталониҳо дар маҷмуъ 97 ҷойза ба даст оварданд.