Бензема ва ҳамдастаҳояш бо ғалаба Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни бошгоҳҳоро оғоз карданд

Бензема ва ҳамдастаҳояш бо ғалаба Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни бошгоҳҳоро оғоз карданд

Бошгоҳи «Ал Иттиҳод» дар даври 1/8 – ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни бошгоҳҳо дар Ҷидда бар «Окленд Сити» пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи ба номи шоҳ Абдуллоҳ Спортс Сити баргузор шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба фоидаи “Ал-Иттиҳод” анҷом ёфт.

Голҳоро аз ҳайати “Ал-Иттиҳод” - Ромаринйо дар дақиқаи 29-ум, Н'Голо Канте дар дақиқаи 34-ум ва Карим Бензема дар дақиқаи 40-ум ба самар расониданд.

Ҳамакнун, дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни бошгоҳҳо «Ал-Иттиҳод» бо дастаи «Ал-Аҳлӣ»-и Мирс бозӣ мекунад. Ин бозӣ 15-уми декабр соати 23:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.