Бернарду Силва ба “Реал Мадрид” мегузарад
Нимҳимоятгари мунтахаби Португалия ва бошгоҳи “Манчестер Сити” Бернарду Силва фаъолияти худро дар ҳайати “Реал Мадрид” идома медиҳад. Дар ин бора рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар дод.
Тибқи маълумоти манбаъ, роҳбарияти “Реал” бо футболбози 31-сола оид ба шартномаи дусола ба мувофиқа расидааст. Ҳамчунин дар созишнома имкони тамдиди ҳамкорӣ барои як соли иловагӣ низ пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки “Реал” ҳамагӣ 36 соат пеш музокиротро бо Бернарду Силва оғоз карда, дар муддати кӯтоҳ тамоми ҷузъиёти гузаришро ҳал намудааст. Дар амалӣ шудани ин трансфер нақши сармураббии нави “Реал Мадрид” Жозе Моуриню низ муҳим арзёбӣ мешавад, зеро маҳз ӯ хоҳиши дидани ҳамватани худро дар ҳайати “Реал” изҳор кардааст.
Силва ба ҳайати бошгоҳи шоҳона ҳамчун бозигари озод мегузарад, зеро шартномаи ӯ бо “Манчестер Сити” дар охири моҳи июн ба анҷом мерасад. Аз ин рӯ, “Реал” барои ба даст овардани ӯ маблағи трансферӣ пардохт намекунад.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки ба Бернарду Силва инчунин бошгоҳҳои “Барселона” ва “Атлетико Мадрид” низ таваҷҷуҳ доранд, лек дар идома футболбози португалӣ, ниҳоят интихоби худро ба фоидаи “Реал” анҷом дод.
Бернарду Силва солҳои охир яке аз бозигарони калидии “Манчестер Сити” ба ҳисоб мерафт ва дар зери роҳбарии Хосеп Гвардиола ба қаҳрамониҳои сершумор дар Англия ва Аврупо ноил гардидааст. Акнун ӯ дар ҳайати “Реал Мадрид” саҳифаи нави фаъолияти касбии худро оғоз хоҳад кард.