Бибисоро Асаубаева ва Жансая Абдумалик Бозиҳои Осиёиро бо пирӯзӣ оғоз карданд

Бибисоро Асаубаева ва Жансая Абдумалик Бозиҳои Осиёиро бо пирӯзӣ оғоз карданд

Шоҳмотбозбонувони қазоқ Бибисоро Асаубаева ва Жансая Абдумалик бозиҳои нахусти хешро дар Бозиҳои Осиёӣ дар Ханчжоуи Чин доир карданд.

Асаубаева дар даври сеюм бо намояндаи Ӯзбекистон Умида Омонова рақобат кард ва бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Сипас дар даври чорум Бибисоро Мадина Варда Аулиаро аз Индонезия шикаст дод.

Абдумалик низ дар даври сеюм ба рақобат пардохта, ҳарифаш аз Аморати Муттаҳидаи Араб Роуда Алалиро бо ҳисоби 1-0 мағлуб намуд. Дар даври чорум Жансая бар ҳарифаш аз Индонезия Харизма Ирен Сукандар (1-0) зӯр баромад.

Қобили қайд аст, ки дар умум аз ҷониби Қазоқистон дар Бозиҳои Осиёӣ даҳ шоҳмотбоз ширкат меварзанд.