Бинобар сабаби сӯхтор бозии “Лейкерс” ва “Шарлотт” ба таъхир афтод
Ҳашт бозии мавсими муқаррарии Ассотсиатсияи миллии баскетбол (NBA) бояд имшаб баргузор мешуд, аммо бозӣ миёни дастаҳои “Лос-Анҷелес Лейкерс” ва “Шарлотт” ба таъхир гузошта мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти дастаи “Лейкерс” хабар додааст.
"Мо барои Лос-Анҷелес дилшикастаем. Фикрҳои мо бо ҳамаест, ки аз ин вазъияти тасаввурнашаванда осеб дидаанд. Ва миннатдории мо ба наҷотдиҳандагон ва ба ҳамаи шумо аст, ки дар ин лаҳзаҳои душвор дар канори якдигар мебошед. Бозии имрӯза ба таъхир гузошта мешавад, то ба он чизе ки имрӯз муҳимтар аст, тамаркуз кунад. "Мо бо шумо ҳастем, Лос-Анҷелес", гуфта мешавад дар изҳороти дастаи “Лайкерс”.
Мухлисоне, ки барои бозии “Шарлотт” чипта харидорӣ кардаанд, дар рӯзи дигар, вақте санаи нави бозӣ эълон мешавад, метавонанд ба бозӣ ҳозир шаванд.
Ёдовар мешавем, ки сабаби ба дигар рӯз мондани бозии мазкур ин сухторҳои охир дар Калифорния мебошад, ки сабаби талафотҳои ҷонӣ ва хисоротҳои ҷиддӣ гардидааст.
Сӯхтор аз 7-уми январ ба ин сӯ идома дорад ва беш аз 100 000 нафар ба ҷои дигар “эвакуатсия” шудаанд. Камаш беш аз 2 000 бино сӯхта, 5 нафар ба ҳалокат расиданд. Сӯхтор ба моликияти бисёр ситораҳо, аз ҷумла хонаи сармураббии “Лейкерс” Ҷей Ҷей Ридик низ зарар расонадааст. Дар ин минтақа вазъияти фавқулодда эълон шудааст.
Дар ҳоли ҳозир хисороти сӯхтор 57 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.