Бо омадани Ҳоланд ва Нунйес дигар Роналду дар ПЛА бозӣ кардан намехоҳад

Бо омадани Ҳоланд ва Нунйес дигар Роналду дар ПЛА бозӣ кардан намехоҳад

Ҳуҷумкунандаи португалии бошгоҳи  «Манчестер Юнайтед» - Криштиану Роналду  дар мавриди боқӣ монданаш дар ҳайати “девҳои сурх” барои мавсими оянда шубҳа дорад  Дар ин бора нашрияи бонуфузи AS  иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои сарчашма, футболбоз аз вазъи феълии бошгоҳ нигарон аст. Криштиану Роналду намехоҳад, ки мавсими охирини худро дар сатҳи олӣ бо дастае гузаронад, ки дурнамои ҷоиза надорад.

Қаблан, Роналду тасмим гирифт, ки шартномаи худро бо «Манчестер Юнайтед» то ба охир ба итмом мерасонад, ҳарчанд «девҳои сурх » дар мавсими оянда ба Лигаи Чемпионҳо роҳ наёфта буд. Ҳоло бошад, ҳамлагари португалӣ дудила шудааст. Ҳамчунин агети ӯ бо бошгоҳи қаблиаш гуфтушунид дорад то Роналду дигарбора ба ҳайати дастаи Турини шомил шавад.

Ба рӯҳияи ӯ гузариши Эрлинг Ҳоланд ба "Манчестер Сити" ва Дарвин Нунйес ба "Ливерпул" таъсир расонд. Роналду бовар дорад, ки акнун фарқияти байни "Манчестер Юнайтед" ва ин бошгоҳҳо боз ҳам назаррастар мешавад.

Қайд карда мешавад, ки дар баробари ин, форварди 37-сола умедвор аст, ки «Манчестер Юнайтед» метавонад дар равзанаи интиқоли тобистона ҳайати дастаро ба таври лозима пурзӯр кунад.