Бохти ҳангомавии “Равшан” ва ғалабаи бузурги “Истиқлол” дар даври 16-уми Лигаи Олӣ

Дирӯз, 3 вохӯрии даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол баргузор гардиданд. Дастаи “Истиқлол” дар ин даври мусобиқа бо ҳисоби бузург муқобили “Регар-ТадАЗ” зафар ёфту, “Хатлон” ба таври ҳангомавӣ “Равшан”-и Кӯлобро шикаст дод. “Ҳосилот” ва КМВА дар шаҳри Душанбе бозиашон мусовӣ анҷом ёфт.
Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар бозии даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 бо ҳисоби 2 бар 1 муқобили “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб пирӯз шуда, силсилаи вохӯриҳои бебарори худро, ки ҳафт ададро ташкил медод, қатъ кард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар дар ҳузури 2 000 нафар мухлис доир гардид.
Голҳоро дар ин вохӯрӣ аз ҳайати “Хатлон” – Крис Эммануэл Какоу дар дақиқаи 32-юм ва Тоҳирҷон Тағойзода дар дақиқаи 45+3 ба самар расониданд. Аз ҳайати “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ягона голро Ҷозеф Акомади дар дақиқаи 81-ум марбути номи хеш кард. Аз ҳайати “Хатлон” – Аҳлиддин Ҳабибуллоев беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.
Дар бозии дигари даври 16-ум дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе муқобили “Ҳосилот” –и ноҳияи Фархор мусовӣ 0 бар 0 бозӣ кард. Амин Субҳонӣ дар ин вохӯрӣ муқобили собиқ дастааш бо 1 имтиёз ба ноҳияи Фархор баргашт. Аз ҳайати “артишиҳо” – Бакинде Билонг Ҷерард беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.
Дар бозии дигари даври 16-уми Лигаи Олӣ дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 ба нафъи футболбозони шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Голҳоро дар ин бозӣ Сенин Себаи дар дақиқаи 28-ум, Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 74-ум, Алиҷони Айни дар дақиқаи 79-ум, Амадони Камолов дар дақиқаи 84-ум ва Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 90+1 ба самар расониданд. Беҳтарин бозигари вохӯрӣ аз ҳайати “Истиқлол” - Алишер Ҷалилов дониста шуд.
Имрӯз бозиҳои дигари даври 16-ум баргузор мегарданд. “Куктош” бо “Файзканд” ва “Хуҷанд” бо “Эсхата” андари майдони рақобат мегарданд. Дар ҷадвали мусобиқа ҳоло “Истиқлол” бо 33 имтиёз пешгом аст.