Бохти ҳангомавии "Реал" аз "Кадис"

Бохти ҳангомавии "Реал" аз "Кадис"

Дар вохӯрии даври 6-уми Ла Лига дастаи “Реал” дар хонааш бо тими “Кадис” рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо ҷолибнок сурат гирифта, бо натиҷаи 0:1 ба суди меҳмонон хотима ёфт. Дар ин майдондорӣ ягона голро Энтони Лосано дар дақиқаи 16-ум ба самар расонида, ба дастааш пирӯзӣ овард. Ёдовар мешавем, ки ин нахустин бохти “гаразмониҳо” дар мавсими ҷорӣ ба шумор меравад. Баъди ин вохӯрӣ “Реал” бо касби 10 хол ҳанӯз ҳам дар зинаи аввали ҷадвал қарор дорад. Хотиррасон мекунем, ки дар даври 7-ум “Реал” ба меҳмонии “Барселона” сафар мекунад. Вохӯрии мазкур санаи 24-уми октябр дар назар аст.