Бохти Аргентина дар ҳузури 27 179 нафар мухлис аз Нигерия

Бохти Аргентина дар ҳузури 27 179 нафар мухлис аз Нигерия

Дар доираи бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни мунтахабҳои то 20 сола дар Аргентина мунтахабҳои Аргентина  ва Нигерия  ба ҳам омаданд.

Вохӯрии мунтахабҳо дар варзишгоҳи “Сан Хуан дел Бисентенарио”-и шаҳри Сан-Хуан  дар ҳузури 27 179  нафар мухлис  баргузор шуда, бо ҳисоби 0 бар 2  ба суди нигериягиҳо  анҷом ёфт.

Голҳоро дар ин бозӣ Иброҳим Муҳаммад ва Сарки Рилвану   ба самар расониданд.

Бо ин ғалаба футболбозони то 20 солаи мунтахаби Нигерия  ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Нигерия бо ғолиби ҷуфти Эквадор  ва Кореяи Ҷанубӣ  бозӣ мекунад. Аргентина бо ин бохт тарки мусобиқа кард. Ёдовар мешавем, ки онҳо мизбони мусобиқа маҳсуб мешаванд.