Бохти ғайричашмдошти Арена Соболенко дар Roland Garros 2023

Бохти ғайричашмдошти Арена Соболенко дар Roland Garros 2023

Теннисбози 25  солаи  белорус  Арена Соболенко  (ракеткаи  2-юми ҷаҳон) дар даври нимниҳоии  мусобиқаи Roland Garros 2023 ба таври ҳангомавӣ аз ракеткаи 43-юми ҷаҳон Каролина Мухова аз Чехия  мағлуб шуда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд. Муховаи 26 сола ба финали мусобиқа роҳ ёфт.  

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 3  соату 17  дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:7 (5:7), 7:6 (7:5), 5:7 ба суди Каролина Мухова  анҷом ёфт.

Қобили зикр аст, ки дар сети  сеюм теннисбози Беларус бо ҳисоби 5 бар 2 пешсаф буд, лек то охири бозӣ ин бартариятро дар ихтиёр дошта натавонист.

Ҳамакнун, дар даври ниҳоӣ  теннисбозӣ чех  муқобили ракеткаи 1-уми ҷаҳон Ига Швентек аз Лаҳистон  сабқат мекунад. Вохӯрии теннисбозон рӯзи 10-уми июн  доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Rolland Garros 2023  аз 22-юми май  то 11-уми июн  дар шаҳри Парижи Фаронса  баргузор мешавад. Фонди ҷоизавии мусобиқа   49 600 000 евроро ташкил медиҳад.