Бохти ғайричашмдошти “Рома” аз “Виктория Плзен”

Бохти ғайричашмдошти “Рома” аз “Виктория Плзен”

Бозии даври сеюми марҳилаи умумии Лигаи Аврупои УЕФА байни дастаҳои “Рома”-и Италия ва “Виктория Плзен”-и Чехия ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Рим баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Виктория Плзен” анҷом ёфт.

Принс Аду дар дақиқаи 20-ум ҳисобро ба нафъи меҳмонон боз кард, ва дар дақиқаи 23-юм Шейк Суаре афзалияти дастаи худро дучанд намуд. Пауло Дибала дар дақиқаи 54-ум аз зарбаи пеналтӣ ягона голи мизбононро ба самар расонид.

Пас аз ин бозӣ “Рома” бо се имтиёз дар миёнаи ҷадвали умумии Лигаи Аврупо ҷойгир аст, дар ҳоле ки “Виктория Плзен” бо 7 имтиёз дар қисми болоии ҷадвал қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври навбатии марҳилаи умумии гурӯҳии Лигаи Аврупо рӯзи 6-уми ноябр, “Рома” дар меҳмонӣ бо “Рейнҷерс” бозӣ мекунад ва “Виктория Плзен” ҳамон рӯз дар майдони худ бо “Фенербахче” вомехӯрад.