Бохти “Челси” аз “Аталанта” дар Бергамо

Бохти “Челси” аз “Аталанта” дар Бергамо

Дастаи “Аталанта” дар даври 6-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо дар “Гевисс Стэдиум” тими “Челси”-и Лондонро қабул кард. Бозии дастаҳо бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди “Аталанта” хотима ёфт. Алехандро Эрнандес аз Испания ба ҳайси довари асосии бозӣ фаъолият намуд.

Дар дақиқаи 25-уми бозӣ Жоау Педро дар ҳисоб “Челси”-ро ба пеш баровард. Ҷанлука Скамакка дар дақиқаи 55-уми бозӣ ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 83-юми бозӣ Шарл де Кетеларе голи ғалабаоварро барои “Аталанта” ба самар расонид.

“Аталанта” пас аз 6 бозӣ , 4 ғалаба, 1 мусовӣ ва 1 бохт бо касби 13 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи сеюм аст. “Челси” пас аз 6 бозӣ , 3 ғалаба ,1 мусовӣ ва 2 бохт бо касби 10 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи 11-ум аст. “Арсенал” бо 15 имтиёз пешгоми ҷадвали гурӯҳ аст.