Бохти Даря Касаткина дар даври дуюми мусобиқаи WTA-1000 дар Пекин

Дар бозии даври дуюми мусобиқаи WTA-1000 дар шаҳри Пекини Чин ракеткаи 13-уми ҷаҳон, теннисбози рус Даря Касаткина аз ракеткаи 37-уми ҷаҳон, намояндаи Чин - Синю Ван шикаст хӯрд.
Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 27 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:4, 6:2 ба фоидаи теннисбози чинӣ анҷом ёфт.
Ҳамакнун, дар даври сеюм Ван бо ғолиби ҷуфти Мария Саккари аз Юнон ва Линда Фрухвиртова аз Чехия бозӣ хоҳад кард. Мусобиқаи WTA-1000 дар Чин байни занон то 8 –уми октябр идома хоҳад кард.