Бохти дуюми “Регар-ТадАЗ" дар бозиҳои санҷишӣ дар Тошканд

Бохти дуюми “Регар-ТадАЗ" дар бозиҳои санҷишӣ дар Тошканд

Дастаи “Регар-ТадАЗ" дар бозии сеюми санҷишӣ дар рафти ҷамъомади таълимӣ-тамринии шаҳри Тошканд бо дастаи "Шӯртан"-и Ӯзбекистон бозӣ кард.

19-уми феврал, дар идомаи ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ футболбозони шаҳри Турсунзода бар муқобили дастаи "Шӯртан"-и Ӯзбекистон бозии санҷишӣ барпо карданд. Ҳисоби бозӣ 2-0 ба суди дастаи мизбон хотима ёфт.

Ин бозии сеюми дӯстонаи тими шаҳри Турсунзода дар Тошканд буд. “Металлургчиён” дар аввалин бозии санҷишӣ аз “Динамо”-и Самарқанд бо ҳисоби 4 бар 0 мағлуб шуда, дар бозии дуюм бар дастаи "Машъал" бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуда буданд. Онҷо голи ягонаро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 72-юм аз пеналтӣ ба ҳадаф расонид.

Қобили зикр аст, ки аз 8-ум то 28-уми феврал дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ доир мекунад.

Бозиҳои навбатии тими шаҳри Турсунзода рӯзи 23-юми феврал бо дастаи «Иртиш»-и Павлодари вилояти Павлодари Қазоқистон ва дастаи «Сурхон»-и Тирмизи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон рӯзи 27-уми феврал дар назар аст.

   ТВ "Варзиш"