Бохти Хави дар нахустин «класико»-и испанӣ

Бохти Хави дар нахустин  «класико»-и испанӣ

Барои Хави-мураббӣ дар қиёс ба Карло Анчелотти ин нахустин бозии «класико» буд. Мураббии сертаҷрибаи итолиявӣ бошад дар тӯли таърихи мураббигияш дар «Реал», «ПСЖ» ва «Милан» 12 бозӣ бо «Барселона» гузаронидааст.

Дар бозии Суперҷоми Испания дар варзишгоҳи                 “Шоҳ Фаҳд”-и Арабистони Саудӣ «Барселона» воқеан ҳам кӯшиши бозӣ бо услуби худро оғоз намуда буд. Мехост аз фурсатҳои нахуст тӯбдорӣ кунаду дар фишорҳо назар ба «Реал» фаъолтар буд. Мадрид бошад бештар дар нимаи дуюми майдони худ истода, аз ҳамин сабаб бозингарони миёнаи “Барса” ба нимаи майдони ҳариф бештар мешитофтанд. Аммо бо вуҷуди ин нақшаи Анчелотти дар кулли бозӣ босамартар баромад.


Дар рафти бозии нахусти ниманиҳоии “класико” ҳарчанд шогирдони Анчелотти бо голи Винисиус Жуниор дар дақиқаи 25-ум ҳисобро кушоданд, аммо голи  де Йонг чор дақиқа пеш аз хотимаи нимаи аввал ҳисобро як бар як намуд. Дар нимаи дуюми рақобат низ  голи нахустро тими “шоҳона“ ба самар расонид, замоне, ки  Карим Бензема аз иштибоҳи Бускетси таҷрибадор истифода намуда, дар дақиқаи 72-юм  ҳисобро  1:2 намуд.  Голи ҷавобии дастаи  Хавиро бошад Ансу Фати дар дақиқаи 83-юм вориди дарвозаи Куртуа намуд ва бозӣ ҳам ба вақти иловагӣ гузаронида шуд.  Голи пирӯзиовар ва тақдирсози бозии нахусти “класико” дар соли 2022 бошад дар дақиқаи  98-уми рақобат бо истифодаи аз аксулҳуҷуми моҳирона аз ҷониби   Валверде зада шуда, бо натиҷаи 2:3 ба нафъи “Реал” хотима ёфт.


Ҳамин тариқ дар нахустин бозии ниманиҳоии Суперҷоми Испания дар Арабистони Саудӣ «Реал» «Барселонаро» бо ҳисоби (3:2) шикаст дода, «Атлетико» ва «Атлетик» аз Билбао баҳри роҳхати дуюми Суперҷом имрӯз ба майдон мебароянд.

“Реал” бошад бо ҳамин пирӯзии хеш дар панҷумин «классико»-и паи ҳам “Барселона”-ро дучори мағлубият намуда, ин навбат пирӯзии Карло Анчелотти дастаи “шоҳона”-ро ба финали Суперҷоми Испания баровард

Суперҷоми Испания

1/2 ниҳоӣ

Барселона – Реал Мадрид 2:3 (1:1, 1:1, 0:1)

Рӯзи баргузорӣ: 12 январ, 23.50, «Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд»

Голҳо:

0:1 – 25 Винисиус Жуниор, 1:1 – 41 де Йонг, 1:2 – 72 Бензема, 2:2 – 83 Фати, 2:3 – 98 Валверде.

Барселона – тер Стеген, Пике, Араухо, Алба, Бускетс, де Йонг (Педри, 46), Гави (Депай, 78), Дани Алвес (Нико Гонсалес, 78), де Йонг (Фати, 66), Дембеле, Ферран Торрес (Эззалзули, 46; Ҷуҷла, 110).

Реал Мадрид – Куртуа, Карвахал (Васкес, 90), Начо, Милитао, Менди, Модрич (Валверде, 83), Кроос, Каземиро, Бензема, Асенсио (Родриго, 68), Винисиус Жуниор (Камавинга, 110).

Муҷозотҳо:

Ферран Торрес (23), Дани Алвес (51), Каземиро (75), Валверде (99).