Бохти Муҳаммадамин Абдуллоев дар даври ниманиҳоии Чемпионати Осиё
Баъди пирӯзӣ бар Сайф Абдулҳамид Дура аз кишвари Урдун бо ҳисоби 11-0 дар доираи рақобатҳои чорякниҳоии чемпионати Осиё миёни варзишгарони то 20-сола оиди гӯштини тарзи озод Муҳаммадамин Абдуллоев дар ниманиҳоӣ аз варзишгари эронӣ Ҳусейн Аббос Муҳаммад Оғоӣ бо ҳисоби 4-11 шикаст хӯрд.
Новобаста аз ин, варзишгари тоҷик имкони гирифтани медали биринҷии Чемпионати Осиёро аз даст надодааст.