Бохти навбатии наврасони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дар Минск
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов имрӯз дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА бо ҳамсолони худ аз Белорус андари майдони рақобат гардиданд.
Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Минск баргузор гардида, бо ҳисоби 5 бар 2 ба фоидаи футболбозони мунтахаби Белорус анҷом ёфт. Голҳои Тоҷикистонро Парвиз Сангинов дар дақиқаи 23-юм ва Асадбек Махтумов дар дақиқаи 47-ум ба самар расониданд. Голҳои Белорусро Воронин ду маротиба дар дақиқаҳои 15-ум, 36-ум, Василйев дар дақиқаи 18-ум, Чичин дар дақиқаи 77-ум ва Ясточкин дар дақиқаи 84-ум марбути номи хеш карданд.
Дар даври аввал футболбозони мунтахаби Тоҷикистон аз ҳамтоёни хеш аз Русия бо ҳисоби 4 бар 0 мағлуб шуда буданд. Белорус дар даври аввал бар Қирғизистон бо ҳисоби 4 бар 0 зафар ёфта буд. Дар бозии дигари даври дуюм, Русия бо ҳисоби 10 бар 1 Қирғизистонро шикаст дод.
Мусобиқа аз 3-юм то 8-уми октябр дар шаҳри Минск баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ мунтахабҳои Русия Беларус, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок доранд. Мусобиқаи рушди УЕФА дар Беларус аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад.
Дар даври охир рӯзи 8-уми октябр, соати 14:00 Тоҷикистон бо Қирғизистон ва соати 18:00 Белорус бо Русия бозӣ мекунанд.