Бохти навбатии “Спортинг” пас аз рафтани Рубен Аморим
Рӯзи панҷшанбеи 5-уми декабр бозии даври 13-уми чемпионати Португалия миёни дастаҳои «Морейренсе» ва «Спортинг» баргузор шуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:2 бо шикасти тими шаҳри Лиссабон анҷом ёфт.
Голҳои мизбононро Динис Пинто ва Гилерме Шеттин заданд. Ягона голи “Спортинг”-ро Виктор Дёкереш зад. Ин голи 60-уми Дёкереш дар соли 2024 дар ҳама мусобиқаҳо буд. Аз ин шумора 10 голашро Дёкереш аз ҳайати мунтахаби Шведсия ба самар расонидааст. Дар мавсими ҷорӣ ҳамлагари шведӣ голи 34-умашро зад.
Дар охири соли 2023 голзани беҳтарин ҳамлагари тими “Ал-Наср” ва тими миллии Португалия Криштиану Роналду буд, ки 54 гол зада буд.
Ин дуюмин бохти «Спортинг» дар чемпионати Португалия пас аз рафтани сармураббӣ Рубен Аморим ба «Манчестер Юнайтед» аст.
Ҳоло «Спортинг» бо 33 хол пешсаф, “Морейренсе” бо 20 хол дар зинаи 7-ум мебошанд.