Бохти наврасони тоҷик аз Русия дар даври аввали Ҷоми Рушди УЕФА

Бохти наврасони тоҷик аз Русия дар даври аввали Ҷоми Рушди УЕФА

Дастаи мунтахаби наврасони то 15 солаи Тоҷикистон дар даври якуми рақобатҳои Ҷоми Рушди УЕФА аз ҳамтоёни худ аз Русия дар шаҳри Минск мағлуб шуданд.

Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 4 бар 0 ба суди наврасони мунтахаби Русия анҷом ёфт.

Дастпарварони Далер Каёсовро дар ин мусобиқа ду рақобати дигар рӯзи 5 -уми октябр бо Белорус   ва рӯзи 8 -уми октябр бо Қирғизистон   дар пеш интизор аст.   Бозиҳо соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мешаванд.