Бохти пайдарпайи дуюми "Реал Мадрид"

Бохти пайдарпайи дуюми "Реал Мадрид"

Бошгоҳи “баскетболи “Реал Мадрид” дар доираи чемпионати Евролига 2 бозӣ пайиҳам шикаст хӯрда истодааст. Ҳарду бозиро мадридиҳо ба дастаҳои баскетболии Россия бохтанд. 
Дар даври 20-уми чемпионати Евролига дастаҳои “Реал Мадрид” ва  Химки дар “Митиш”-и Россия бо ҳам рақобат карданд. Дар ин дидор баскетболбозони рус аз оғоз беҳтар амала карда, дар ду чоряки аввал дастболо шуданд ва бо ҳисоби 55:44 ба танаффуси калон баромаданд. Дар чоряки сеюм ду даста имтиёзҳои баробар касб карда, дар чоряки охир баскетболбозони тими “Реал Мадрид” ҳамагӣ се имтиёз бартарияти мизбононро аз байн бурда тавонистанду халос. Ҳамин тавр “Химки”-и Россия бо ҳисоби умумии 102:94 “Реал Мадрид”-ро шикаст дод. Зимнан ин дуюмин шикасти пайдарпайи испаниҳо дар Россия аст, зеро чанд руз пеш бошгоҳи мадридӣ ҳамчунин аз тими “Зенит”-и Санкт Петербург мағлуб шуда буд.