Бохти сеюми “Рома” дар мавсими имсолаи Серияи А

Бохти сеюми  “Рома” дар мавсими имсолаи  Серияи А

Дастаи «Рома» дар бозии даври 6-уми Серияи А дар сафар аз «Женоа» шикаст хӯрд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Луиджи Феррарис” – и шаҳри Генуя баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 4 ба суди тими “Ҷеноа” анҷом ёфт.

Ғалабаи мизбононро голҳои Алберт Гудмундссон (дақиқаи 5), Матео Ретеги (45), Мортен Торсби (74) ва Юниор Мессиас (81) таъмин кард. Голи ягонаи румиёнро Брайан Кристанте дар дақиқаи 22-юм ба самар расонид.

Бошгоҳи «Рома» бо шикасти сеюм дар 6 даври мавсими имсолаи Серияи А дучор шуд. Шогирдони Жозе Моуринйо бо 5 имтиёз дар серияи А ба зинаи 16-ум поин рафтанд. Тими “Ҷеноа” бо 7 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба зинаи 11-ум баромад.

Дар даври баъдӣ «Рома» бо «Фрозиноне» ва «Ҷеноа» дар меҳмонӣ бо «Удинезе» бозӣ мекунанд. Ҳарду бозӣ 1 –уми октябр баргузор мешаванд.