Бохти ҷудокорони навраси тоҷик дар рӯзи якуми Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Загреб

Имрӯз дар шаҳри Загреби Хорватия – Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон оғоз шуд. Дар рӯзи якуми мусобиқа 2 ҷудокори тоҷик Лоиқ Қутбиддинов ва Икром Шамсов зери вазни то 55 кг баромад карданд.
Лоиқ Қутбуддинов дар даври аввал бо намояндаи Озарбойҷон – Аюхан Мирзозода қувваозмоӣ карда, бо имтиёзи иппон мағлуб шуд ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Икром Шамсов дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бо Марко Ҷоргик аз Сербия гӯштин гирифт. Тақдири ин рақобатро шидо ҳал намуд. Дар раванди мубориза ҷудокори мо фаъол набуд ва аз ҷониби довар 3 огоҳӣ гирифта, рақобатро бар Марко Ҷоргик бохт ва аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Ёдовар мешавам, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Мадина Қурбонзода (-48 кг), Лоиқ Қутбудинов (-55 кг), Икром Шамсов (-55 кг), Ёсин Бобокалонов (-60 кг), Ворис Назаров (-66 кг), Муҳаммадамин Лоиқов (-66 кг) ва Аминҷон Абдуҷалилзода (-73 кг) муаррифӣ мекунанд.
Мусобиқа аз 23-юм то 26-уми август дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор мегардад. Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни наврасон 2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷахонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мешаванд.
Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ имтиёз ба даст меоранд.