Бохти Янник Синнер дар даври 1/8 ниҳоии «Мастерс»-и Шанхай
Дар бозии даври чоруми сабқати хардии силсилаи «Мастерс» дар Шанхайи Чин ракеткаи чоруми ҷаҳон теннисбози итолиёвӣ Янник Синнер аз намояндаи ИМА Бен Шелтон (зинаи 20-уми раддабандии ATP) шикаст хӯрд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:6, 6:3, 7:6 (7:5) ба нафъи варзишгари амрикоӣ хотима ёфт.
Давомнокии бозӣ 2 соату 32 дақиқаро ташкил дода, Шелтон дар ин вохӯрӣ 15 маротиба эйс кард, ба чор иштибоҳи дуболо роҳ дод ва як брейк-пойнт аз даҳи бадастовардаро амалӣ кард. Дар ҳисоби Синнер ҳашт эйс, як иштибоҳи дуболо ва ду брейк-пойнти амалишуда аз панҷ мебошад.
Дар даври баъдии мусобиқаи Шанхай Бен Шелтон бо ракеткаи 26-уми ҷаҳон ҳамватанаш Себастян Корда рақобат мекунад. Мусобиқа дар Чин бошад рӯзи 15-уми октябр хотима меёбад.
Шанхай. Даври 4-ум
10-уми октябри соли 2023, сешанбе. 15:40 ДШБ
Янник Синнер (Италия) 1 : 2 Бен Шелтон (ИМА)