Бонуи тоҷик дар Ӯзбекистон медали тилло гирифт

Бонуи тоҷик дар Ӯзбекистон медали тилло гирифт

Дар кишвари ҳамҷавори мо Ӯзбекистон тайи ду рӯз мусобиқаи байналмилаӣ оид ба намуди шоҳмоти зӯдбозӣ “Рапид”  баргузор гардид.  

Аз 1-ум то 2-юми сентябри соли равон дар шаҳри Қӯқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқа оид ба шоҳмоти зӯдбозӣ ба хотири гиромидошти Пӯлодхон Саидхонов ( “Pulatkhon Saidkhonov memorial”) баргузор гардид.Дар умум дар ин мусобиқа 80-нафар шоҳмотбоз (мардон ва бонувон) аз 3 кишвар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар намуди инфиродӣ байни ҳам омехта   рақобат карданд. Ин мусобиқаро "Чемпионати ғайрирасмии водии Фарғона" меноманд,ки дар он 3 давлат шомил аст: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва  Қирғизистон .

 Рухшона Саидова ягона шоҳмотбози мо гардид,ки медали тиллои ин мусобиқаи байналмилалиро  ба гардан овезад. Рухшона дар  9 бозӣ 6 имтиёз ба даст оварда, байни бонувон ҷойи аввалро ишғол намуд.  

Ёдовар мешавем,ки Рухшона Саидова қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикситон оид ба шоҳмот байни бонувон ва аъзои дастаи олимпии Тоҷикистон мебошад.