Бонувони шоҳмотбози Гурҷистон - қаҳрамонони ҷаҳон шуданд
Шоҳмотбозбонувони мунтахаби Гурҷистон бо Бела Хотенашвили дар тахтаи аввал медалҳои тиллои чемпионати даставии ҷаҳон миёни бонувонро, ки дар Бидгоши Полша идома ёфт, ба даст оварданд.
Ҳарифони онҳо дар финал мунтахаби Қазоқистон бо Бибисоро Асаубаева буд, ки мусобиқаро беҳтар аз интизориҳо гузаронид ва зинаи дуюмро ишғол намуд. Дар бозӣ баҳри ишғоли зинаи сеюм мунтахаби Фаронса яккачини ИМА-ро шикаст дод. Шоҳмотбози 14-солаи амрикоӣ Элис Ли дар тахтаи аввал тиллои инфиродӣ ба даст овард.
Чемпионати ҷаҳон аз ду марҳила иборат буд: марҳилаи муқаддамотӣ, ки 12 даста ба ду зергурӯҳ тақсим шуда буданд ва марҳилаи плей-офф иборат аз ҳашт дастаи қавитарини мусобиқа.