Бортей Акуаей аз Премйер-лигаи Гана ба сафи “Регар-ТадАЗ” пайваст!
Дастаи «Регар-ТадАЗ» ҳайати худро боз бо як бозигари дигари хориҷӣ - Бортей Акуаей Нил Гуяшеи 25 сола аз кишвари Гана пурқувват кард.
Бортей Акуаей 12 феврали соли 1999 ба дунё омада, дастпарвари академияи футболи Африқои Ғарбӣ (West African Football Academy) мебошад. Ӯ сар карда аз соли 2019 то инҷониб дар ҳайати дастаҳои гуногуни Премйер-лигаи Гана бозӣ кардааст. Охирин бошгоҳи ӯ дастаи “Нсоатреман” ба ҳисоб мерафт. Ӯ мавсими 2023-24-ро дар зинаи 5-уми чемпионати Гана ҷамъбаст кард. Баландии қадаш 1,92м.
Бортей Акуаей аслан ниммуҳофизатгари дифоӣ буда, метавонад озодона дар мавқеъҳои дигари хатти миёнаи майдон ва хатти дифои марказ низ бозӣ кунад.