“Ботафого” барандаи Ҷоми Либертадорес — 2024

“Ботафого” барандаи Ҷоми Либертадорес — 2024

Дастаи «Атлетико Минейро» дар финали Ҷоми Либертадорес-2024 аз тими «Ботафого» бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Монументал”-и шаҳри Буэнос –Айрес баргузор гардид.

Аллакай дар дақиқаи 2-юми вохӯрӣ «Ботафого» дар майдон 10 нафар монд. Нимҳимоятгари бразилӣ Грегор корти сурх гирифта, аз майдон хориҷ карда шуд.

Голҳои дастаи «Ботафого»-ро Луис Энрике дар дақиқаи 35-уми бозӣ, Алекс Теллес дар дақиқаи 44-ум ва Жуниор Сантос дар дақиқаи 90+7-ум ба самар расониданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 47-уми дидор ҳамлагари “Атлетико Минейро” Эдуардо Варгас ба самар расонид. Муаллифи ассист Халк гардид.

Ҳамин тавр, “Ботафого” аввалин бор дар таърих барандаи Ҷоми Либертадорес шуд. Пас аз ин пирӯзӣ «Ботафого» роҳашро ба Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо -2025 ҳамвор кард.