Боз як дастаи дигар ба Лигаи якум роҳ ёфт

Боз як дастаи дигар ба Лигаи якум роҳ ёфт

Дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар рақобатҳо барои ишғоли зинаҳои ифтихории Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон баргузор гардиданд. Дастаи “Ҷиликул”-и ноҳияи Дӯстӣ дар доираи даври ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон бо тими "Сарҳадчӣ"-и ноҳияи Ҳамадонӣ рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифт, ки бо ғалабаи дастаи “Сарҳадчӣ” хотима ёфт. Қисми асосии бозӣ бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид ва ғолиб аз рӯи зарбаҳои ёздаҳметра муайян гардид. Дар натиҷа, бозингарони дастаи “Сарҳадчӣ” бо ҳисоби 4:3 зафар ёфтанд.

Барои зинаи сеюм дастаҳои “Арал”-и ноҳияи А. Ҷомӣ бо тими “Андароб”-и шаҳри Кӯлоб дидор анҷом дод, ки бозингарони “Арал” бо ҳисоби 4:1 зафар ёфта, соҳиби зинаи сеюми Лигаи дуюм гардиданд.

Бо ҳамин, дастаи «Арал»-и ноҳияи А. Ҷомӣ бо Ҷом ва медалҳои биринҷӣ қадрдонӣ карда шуд. Дастаи «Ҷиликул»-и ноҳияи Дӯстӣ бошад, бо Ҷом ва медалҳои нуқра сарфароз гардонида шуданд. Дастаи «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ, ки барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон дар соли 2021 гардиданд, бо Ҷом ва медалҳои тилло сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, тими «Сарҳадчӣ» дар соли 2022 дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум ҳунарнамоӣ намуда, шарафи футболи вилояти Хатлонро намояндагӣ мекунад.

Дар маросими тантанавии тақдими Ҷоми мусобиқа ва медалҳо барои ҷойиҳои ифтихории чемпионати мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарифов, мудири шуъбаи варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Ҳусейн Саидзода, собиқадорони футбол ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Чемпионати Тоҷикистон.

Лигаи дуюм. Барои ҷойи сеюм.

22 ноябри соли 2021

“Арал” - “Андароб” 4:1

Барои ҷои аввал

“Ҷиликул” – “Сарҳадчӣ” 2:2 (3:4)