Боз як футболбоз то охири мавсим тарки “Истиқлол” кард

Боз як футболбоз то охири мавсим тарки “Истиқлол” кард

Саидмухтор Азимов, футболбози 20-солаи “Истиқлол” то охири мавсим ба таври иҷора дар ҳайати “Файзканд” ҳунарнамоӣ мекунад, хабар медиҳад сомонаи расмии Чемпионат.tj

Ин сеюмин бозигари “Истиқлол” аст, ки баъди анҷоми марҳилаи аввали чемпионат ба дигар дастаҳо тавассути иҷора мегузаранд. Аз ин пеш футболбози ҳайати ҷавонон Салам Ашӯрмамадов ба “Истаравшан” ва Шарифбек Раҳматов ба “Локомотив-Помир” рафтанд.