Боз як мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ ба таъхир гузошта шуд

Боз як мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ ба таъхир гузошта шуд

Ташкилкунандагони силсилаи MotoGP эълон карданд, ки мусобиқоти Гран-при Ҷопон дар мавсими соли 2020 манъ карда мешавад. Сабаби ин тасмим пандемияи коронавирус дар ҷаҳон маънидод мегардад.

Боз як мусобиқоти бонуфузи ҷаҳон - Гран-при Ҷопон аз намуди пойгаи мотосиклронӣ лағв шуд. Ин тасмимро ташкилкунандагони силсиламусобиқоти MotoGP рӯзи душанбе гирифтанд. Марҳилаи мазкур бояд дар пайраҳаи Мотеги аз 16-ум то 18-уми октябр баргузор мешуд.

Ҳамакнун ин мусобиқа ба соли 2021 гузаронида шуд. Ҳамин тариқ, ба ғайр аз Гран-прии Ҷопон, марҳилаҳои дигари мусобиқаи мотосиклронӣ дар Қатар, Олмон, Нидерландия, Финляндия, Британияи Кабир ва Австралия аллакай аз мавсими соли 2020 баромаданд. Дар Ҷопон то 1-уми июн 16,770 ҳолати сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.