Боз як мусобиқаи бузург лағв шуд

Боз як мусобиқаи бузург лағв шуд

Мусобиқаи тенниси байни дастаҳои мунтахаби - Ҷоми ATP, соли 2021 баргузор нахоҳад шуд. Ташкилкунандагони ин мусобиқа, ки пеш аз баргузории нахустин чорабинии мавсими “Тоскулоҳи бузург” бо номи Australian Open баргузор шуд, тасмим гирифтанд, ки бо сабаби коронавирус онро баргузор накунанд.  Ҷоми ATP мусобиқаи нав аст, ки он моҳи январи соли 2020 баргузор шуда буд. Дар ин чорабинӣ теннисбозони тими миллии Сербия ғолиб шуда буданд. Ҳамзамон, бино ба иттилои The Age, баргузории боқимондаи мусобиқаҳо, ки дар тақвим пеш аз кушодашавии Австралия ҳастанд, ба нақша гирифта шудааст. Мусобиқаи мазкур дар як шаҳри Австралия ва ё дар як иёлат баргузор мешавад.

Қарор аст, ки мусобиқаи кушоди Австралия рӯзи 18 январ оғоз шуда, рӯзи 31 январ ба анҷом расад.